الصفحة الرئيسية المقالات Сеҳру ҷоду бадбахтӣ меорад!

Сеҳру ҷоду бадбахтӣ меорад!

Сеҳру ҷоду бадбахтӣ меорад!
2019-07-19
2355

Дар замири инсон ҳамеша ду қувва дар рақобатанд – некӣ ва бадӣ. Инсони некбину некхоҳ ҳамеша дар ҷомеа сарбаланду комёб асту бадхоҳу бадандеш ҳамеша залилу хор.

Ҳамаи мо борҳо дар суҳбатҳои гуногун дар бораи фолбину ҷодугарҳо, хизматрасониҳо, нарх ва таърифу танқиди онҳо шунидаем. Ҷои шубҳа нест, ки бештар занон ва ҳатто ҷавондухтарон ба ин кор майлу рағбат доранд. Аслан, дар олами соҳирӣ илми ҷоду, илми Кашмир, илми бадхоҳон ва даҳҳои дигар вуҷуд доштааст. Дар русҳо ба истилоҳ «чёрная магия»  ва «белая магия» мегӯянд, ки ҳар яке боз чандин намудҳо ва хусусиятҳои хоси худро дорад. Агар ба таърихи ин падидаи хурофотӣ назар афканем, маълум мешавад, ки сеҳру ҷоду аз замонҳои хеле қадим дар байни одамони ҳамонвақта низ вуҷуд доштааст. Чаро ки Худованд  достони қавми  Фиръавн ва дигаронро оид ба соҳирӣ дар Қуръон зикр намудааст. Тибқи сарчашмаҳо, сеҳру ҷоду чун илми қадима аз насл ба насл мегузарад. Соҳириву ҷодугарӣ, расму русум, оину анъана ва дигар рамзҳои ба он алоқаманд, мутаассифона, то ба имрӯз омада расидаанд. Дар асри бисту як бошад, соҳирӣ воситае шудааст, ки баъзеҳо аз он баҳри несту нобуд кардан ё шикастани қомати рақиб ва ё баръакс барои ҳимояи худ аз таъсироти бегона, инчунин  барои зарар  расонидан ба як нафари дигар, барои бадӣ, қасдгирӣ ва дигар мақсадҳои нопоку нодуруст ва ғайриинсонӣ  истифода мебаранд. Ба зеҳни баъзе одамон чунин амалҳо ончунон ҷойгир шудааст, ки дар ҳар  як кору фаъолияти хеш аз он истифода мебурдаанд. Бояд эътироф намуд, ки ба зеҳну тафаккури омма  ҷо шудани  амалҳои ба фолбинӣ ва соҳирӣ алоқаманд ба мафкура ва ахлоки аҳли ҷомеа хатарзо буда,  боиси ба вуҷуд омадани ҳар гуна низоъ, иғво ва ихтилофҳо миёни шаҳрвандон шуда метавонанд. Ҷодуву ҷодугарӣ хурофоти ошкорост, ки тафаккури занон ва мардони   камиродаро ба расвоӣ ва гумроҳӣ мебарад. Соҳирӣ ҷодугарӣ афсунгарӣ, фатонат, найрангбозӣ ва машғул шудан ба он амале мебошад, ки ҷодугар онро чун касб истифода карда, изҳор мекунад, ки гӯё бо қувваҳои фавқуттабиӣ (рӯҳу арвоҳ, ҷинҳо) ва ғайра робита ва аз олами ғайб огаҳӣ дорад.

Аллома Ибни Қудома ҷодуро чунин таъриф медиҳад: «Ҷоду иборат аст аз тилисм ва таъвизоти шайтонӣ, ғайриқуръонӣ, ки бо калимоти ғарибу алфози рамзӣ ва бемаъно байни ҷодугарон ва шайтонҳо мутаводил аст. Аз нигоҳи таълимоти масеҳӣ, соҳирӣ дар сурате ба вуқуъ меояд, ки агар бо қувваҳои нопок ва бо истифода аз хислатҳои шахсии рӯҳӣ:  гуруснагӣ,  ранҷиш, бухлу  ҳасад ва  қасд анҷом шавад».

Дар гузашта ҷодугарӣ ва ҷодугаронро бо олами шаётин алоқаманд ва дур аз Худо медонистанд. Дар кишварҳои масеҳӣ барои соҳирӣ шахсро таъқиб намуда, ҳатто қатл мекарданд. Дар Аврупои Ғарбӣ, асрҳои 13-18 соҳирӣ чун воситаи дар робита будан бо қувваҳои фавқуттабиии бадӣ ҳисобида шуда, машғул шудан бо он амали бениҳоят хатарнок буд.  Соҳиронро барои муносибат бо ҷину шайтонҳо айбдор карда,  ҷодугариро сабаби бадбахтиву камбағалӣ медонистанд ва ҷодугаронро “сайд” мекарданд. Дар бештари тумору таштобҳои соҳирон калимаи “бисмиллоҳ”  навишта нашудааст.  Соҳирон аз сӯзан, мӯй, обу испанд, хок, сурату ришта, ашёи гуногун ва маводи хӯрока барои хӯрондан бештар истифода  мебаранд.  Мавҷудияти ин гуна омилҳо агар аз як тараф хандаовар бошад, аз тарафи дигар, боиси ташвишу нигаронист. Чунин ашхоси «касбӣ», ки хизматрасониҳои худро ба мизоҷон, аз қабили кушоиши кор, бартараф кардани ҷоду, дур кардани балову хатар, бахткушоӣ, гармиву хунукӣ, ҷудоӣ ё акси он, саломатӣ ва даҳҳои дигар пешниҳод карда, ба қавле худро табиби кулли дард ва бартарафсозандаи ҳама мушкилиҳо нишон медиҳанд. Мақсади асосии онҳо ба даст овардани даромади муфт ва фоидаи калон аз ҳисоби шахсони   зудбовар,  сода,  хаёлӣ  ва  ҳам ашхоси   баду нохалаф мебошад.

Дар Тоҷикистон тайи солҳои охир, бар зидди ин омилҳо мақомоти қудратӣ тадбирҳои саривақтӣ андешида, муборизаҳои беамон бурда, хушбахтона, то ҳадди назаррас аз фолбиниву ҷодугарӣ ва намояндагони онҳо ҷилавгирӣ намуданд. Шахсеро, ки бо фолбиниву соҳирӣ машғул аст,  умуман «рӯҳонӣ» ва ё «мулло» гуфтан ғалат аст.  Чунин ашхос ҷодугаранд!  Мулло, намояндаи дин, аҳли илм ва шахси намунавии ҷомеа аст, ки ҳаёту рӯзгори худро бо ризқи ҳалол ва амалу рафтори накӯ сипарӣ карда, аз амалҳои ғайриқонунӣ дур буда, шахсест, ки дигар нафаронро ба роҳи рост даъват менамояд.

Ба андешаи А.А.Гумшодзиҳӣ, тилисмҳову таъвизоти ботил, аксу рамзҳо ва ҳар хел дуду дамҳо дар ҳақиқат аз худ ҳеҷ таъсире надоранд, балки куфриёту ширкиёт ва рафторашон бо шаётин боис мешавад, ки Худованд ба сурати имтиҳону озмоиш баъзе ихтиёротро ба онҳо бидиҳад, то битавонанд ба изни Худованд, ба баъзе бандагонаш зарар расонанд. Бо сеҳру ҷоду ба ягон кас зарар расонидан наметавонанд. Ин гуна инсонҳо исботи паст будани маънавиёт, бемаданиятӣ, бефарҳангӣ ва бадбахтии  хешро нишон дода, бо ин роҳ монеи пешрафту тараққиёти ҷамъият гардида, саломатии худу равони дигаронро  дар хатар ва изтироб  меандозанд.

Тибқи шариати исломӣ, ҳар кас  илми  нофеъро тарк кунад, ба ботил гирифтор мешавад ва ҳар кас ҳақро бидонаду бар он амал накунад, низ  ба роҳи ботил ва азоби Худованд гирифтор мегардад. Худованд қавми бадкоронро дӯст надорад. Бояд таъкид кард, ки фолбин, соҳир ва ҷодугарҳо ҳама қавми бадкору мардумозоранд.  Ҷоду бошад, яке аз домҳои куфру ширк ва нопок аст, ки ҳар шахси ба он боваркунандаро ба доми худ афтонда, шаъну эътибори шахсро дар ҷомеа  коста  мегардонад.

Аз нигоҳи дини ислом, фолбиниву сеҳр, ҷодую ширк ва рафтан назди шахсони ба ин кор машғулбуда  гуноҳи  азим мебошад. Аз ин хотир тавсия дода мешавад, ки ҳам мардон ва ҳам занон аз рафтан ба назди чунин афроди маккору қаллоб ва амал кардан ба гуфтаи онҳо ҷиддан худдорӣ  намоянд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2008 барои соҳирӣ ҷавобгарии маъмурӣ ва аз соли 2015 барои русумоти ҷодугарӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар гардидааст.

Яке аз сабабҳои асосии боварии аҳолӣ ба фолбину соҳирон сатҳи пасти шуур, камсаводӣ, орзуҳои ботил ва ҷаҳонбинии танг мебошад. Аз ин лиҳоз, баҳри қотеъона мубориза бурдан бо ҷодугариву  ҷодугарҳо қарорҳои дахлдор қабул карда, корро дар ин самт боз ҳам пурзӯр намудан зарур аст, то ин ки фазои ободу осудаи Тоҷикистони азиз бо ҳар гуна ихтилофу хурофот ва сафсатаву найранги ҳилагарон  гардолуд  нагардад.

Муҳимтар аз ҳама, инро бояд  донист ва эътироф  намуд, ки илми ғайбро  ҳеҷ  кас намедонад.   Чуноне, ки гуфтаанд;

Илми  ғайбро  кас намедонад, ба ҷуз Парвардигор,

Ҳар  кӣ гӯяд  ман бидонам, ту бар ӯ   бовар  мадор.

                                           ТАВСИЯ.

Вақте ки шумо ҳамсоя ё душмани худро бад мебинед, беихтиёр онҳоро ба болои сари худ ҳоким месозед. Онҳо ба хоб, иштиҳо, фишори хун, тандурустӣ ва хушбахтии шумо таъсири манфӣ мерасонанд. Ҳамсояи баде, ки маънавиёташ паст аст, агар фоидаашро аз ҳамсоя набинад, роҳи душманиро меҷӯяд ва бо рафтори бадаш ҳамсояро ба ташвишу изтироб ва нороҳативу азоб меорад, аз кори кардааш  хурсанд шуда  ба рақс медарояд.  Ӯ мутаассифона фаромӯш кардааст, ин амалҳои номатлуб  пеши Худо ва қонун ҷавобгарӣ доранд. Бадбинӣ, айбҷӯй, таъна задан ва хиёнат кардан ин хислати мушрикон аст. Бояд қайд кард, ки амали   бад дидан асосан аз бехирадии инсон шаҳодат медиҳад, бад дидани шумо  ҳамсояро зарар намеорад, баръакс, шумо зиндагии худатонро талх месозед ва ба даҳшат табдил  медиҳед. Дар илми тиб гуфта шудааст, ки  дар вақти пай дар пай такрор кардани рафтори номатлуб (адабтатсия) мутобиқшавӣ пайдо мешавад, ки инсонро ба касалии рӯҳӣ оварда мерасонад. Тӯҳмати беасос ва ғайбат кардани шахси бегуноҳ оқибаташ ба ҳамин касалӣ гирифтор шудан аст. Чи хеле ки занг оҳанро мехӯрад, ҳамсояи бади кинагир низ ҳамин хел худашро мехӯрад.  Қасдгирӣ, кинагирӣ ва бадбинӣ  ниҳоят  хавфнок аст, зеро ба тандурустии одам зарарҳо мерасонанд. Мавлоно дар ин маврид мегӯяд;

Хеҷ кофирро ба хорӣ  мангаред,  

Ки  мусулмон  мурданаш  бошад  умед.

Муқаррар шудааст, ки хусусияти асосии одамони гирифтори бемории фишори баланди хун ин  кинаҷӯӣ  ё  худ  бадкинагӣ  аст. Вақте ки ин хусусият дар вуҷуди инсон   кӯҳна мешавад, касро ба гипертония ва бемориҳои дил гирифтор мекунад. Мо занҳоеро медонем, ки  пурожангии рӯи онҳо маҳз бисёр аз бадбинӣ, бадхоҳӣ ва бадкинагиашон ба вуҷуд омадааст. Бинобар ин, ягон тадбири косметикии дунё наметавонад, ки нисфи он ҳусну зебоиву латофатеро, ки дили аз олиҳимматӣ, лутфу меҳрубонӣ ва муҳаббат саршору зебо мебахшад, барқарор намояд. Бинобар ин кинаву адоват ва сеҳру ҷоду ҳатто имконият  намедиҳад,  ки  шумо  мазаи  хӯрокро  ҳис кунед.

Равоншиносон тасдиқ намудаанд, ки кинаву адовати бемаънӣ, бадбинӣ, душманӣ, сеҳру ҷодуи аз ақл берун ба рӯҳу равони инсон  таъсир расонда, ӯро бемадор месозад, дилро дардманд ва умрро кӯтоҳ мегардонад. Оё ҳамин хел нест!?  Пас, биёед, хушбахтона, оромона, бо муҳаббати саршор аз меҳру садоқат зиндагонӣ кунему шукронаи ин  Ватани тинҷу ободро карда, кинаву адоват ва бадбиниро аз дил берун кунем.

              Шукри   неъмат  неъматат афзун кунад,

              Куфри  неъмат  неъмат  аз каф берун кунад.

Бинобар ин беҳтар аст, ки инсон на ба сеҳру ҷодугарӣ, балки бо дигар амалҳои неки инсонӣ машғул шавад, то ки ҳамчун фарди нексиришт, инсондӯст ва хайрандеш  худ ва дигаронро тарбия намояд.                                          

Набояд фаромӯш кард, ки ҳар як амали нек ва ба роҳи рост ҳидоят кардан ин ҳам хирадмандӣ ва ҳам хайрхоҳӣ аст. Ин аст, ки дар Қуръони азимушаън  омадааст; «Сухани нек ва мағфират аз садақае, ки аз қафои ӯ озор бошад, болотар аст».  Риоя кардани  одоб  вобаста ба  ақли солим аст. Хулқу хислати инсон дар рафти муошират пайдо мешаванд. Дар  «Салом» сад савоб аст ва савоб ба касест, ки агар бо рӯи кушоду бо табассум пеш аз дигарон салом диҳад. Офтоб бош, то ки аз нури ту дигарҳо гарм шаванд.  Ин амал аз суннатҳои  Пайғамбар аст.

Таҷрибаи инсоният муайян намудааст, ки инсон бояд дорои панҷ хислат бошад: ақли расо, хӯйи нек, содиқ будан,  устуворӣ дар ҳақбинӣ ва бахил набошад. Ақл ҳидоятгари сухану амали инсон аст. Ақл одамро аз баён кардани хаёли хом ва ё сухане, ки ба иззати нафси атрофиён  мерасад, нигоҳ медорад. Ақл лаҷомест, ки инсонро аз ифшо кардан ва ҳарфи бемурувват гуфтан нигоҳ дошта, рафоқатро  мустаҳкам мегардонад. Бинобар ин, ақл омили ваҳдат аст.

Инсонҳо ва қавмҳо ба се қисм ҷудо мешаванд: қавме чун ғизо, қавме чун дору, қавме чун дард. Аз қавме, ки муошират бо онҳо ғизои маънавӣ мегирӣ; аз қавме, ки мисли дору ба он гоҳ-гоҳ эҳтиёҷ меафтад; аз қавме, ки мисли дарданд, аз қабили одамфурӯшҳо, бахилон, мутакаббирон, ҷоҳилон, золимон, бадбинон, кинагирон, беақлу бемаъниҳо, қасдгирон, ки инсоният ба онҳо эҳтиёҷ надоранд, лекин мо мубтало  шуда,  ба  ҳамаи  ин аз рӯи ақл сабр мекунем.

Рӯзаву намоз ва закоти инсон пеши Худо қабул нест, агар  инсонеро  озор диҳад.  Ингуна  инсон имонаш заиф аст.

                   Зи ҷоҳилу зи ноҷинсу зи нокас,

                  Ба шаб бигрез,  мангар ҳеҷ бар пас.

Хулоса агар кас мутобиқи гуфтаҳои бузургон аз ҳикматҳои гузаштагон пайваста амалҳои нек анҷом диҳад, инсони нек ба воя мерасед, табъаш болида гашта, саломатиаш хуб мегардад, дӯстони хуб  пайдо  мекунад, обурӯяш баланд  гардидаву умри  бобаракатро аз  сар мегузаронед.

وقت الصلاة في طاجيكستان

27.11.2024

أكثر
الفجر05:42
الظهر12:40
العصر15:13
المغرب17:08
العشاء18:38
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر