Ватанро бинозам…
Тоҷикистон кишварест, меҳрофарину дилнишин, зебову дилфиреб. Меҳри бузурги ин сарзамин ҳар як инсони асилро дар дилу ҷон аст. Сарзамини дилфиреб аст, макони бузургони хирад, оқилону фарзонагон ва садҳо нафар бузургон, ки оламиён васфашон мекунанд. Тоҷикистон сарзамини фарҳангу фарҳангдӯстон аст. Ватанест, ки чун модари азиз дӯсташ медорему қадраш мекунем. Ватане, ки ҳар хасу хору хоки он бошандагонашро муқаддасу гиромист.
Кӯҳҳои зарфишонаш кони зар,
Сарвату тиллои он машҳури даҳр.
Пахтаи бишкуфтааш рамзи ҳаёт,
Гандумаш нони ҳама аҳли башар.
Равшан аст, ки Тоҷикистон кишвари пурганҷу пурэъҷоз ва пурсарвату бой аз захираҳои табиист ва обҳои софу зулолу гуворост.
Оре, дар кадом ҳолат, дар кадом сатҳу пояе ки набошад, Тоҷикистон муқаддасоти арзандаи миллати тоҷик дониста мешавад. Паёмбар (с) мефармоянд, ки дӯст доштани ватан аз гӯшаҳои имон аст.
Ба роҳи Ватан ҷон фидо мекунем,
Ватан ҳар чӣ гӯяд, адо мекунем.
Ватан-зодгоҳ, калимаи зебо ва хуҷастае аст, ки бо шуниданаш хонаву дар, гаҳвора ва модар пеши назар меояд. Мазмуни мафҳуми Ватанро одилона ба мафҳумҳои «инсон», «маънои зиндагӣ», «меҳнат», «қарз», «оила», «забони модарӣ», «муҳити табиат», «садоқат» алоқаманд мекунанд. Бале, Ватан сарнавишти қисмати ҳар як инсон, модари мушфиқу меҳрубон аст. Агар модари аслӣ моро ба дунё оварда бошад, Ватан ба сарамон дасти навозишкорона гузошта, барои идомаи зиндагии рангин оғӯш кушодааст. Халқи тоҷик аз шумори он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад.
Ватан cap мешавад аз гоҳвора,
Зи шири поку аз пистони модар,
Ватан cap мешавад аз он тавора,
Ки онро сохта дастони модар.
Дар олам чанд муқаддасоти ягона ва такрорнашавандае мавҷуд acт, ки Модару Ватан низ ба он шомил мегарданд. Ҳисси ватандўстӣ ва муҳабати он ба дараҷае расидааст, ки хокашро аз тахти Сулаймон ва хорашро аз лолаву райҳон хуштар медонанд:
Хоки Ватан аз таҳти Сулаймон хуштар,
Хори Ватан аз лолаву райҳон хуштар.
Юсуф, ки ба Миср подшоҳӣ мекард .
Эй кош гадо будӣ ба Канъон хуштар.
Аз ин байти пурмазмун чунин андеша бармеояд, ки Baтан ифтихор, шаъну шараф, ноёбтарин неъмат, сарвати бебаҳост, ки онро ба ҳеҷ ганҷе наметавон иваз намуд. Оромиву шукӯҳ ва шукуфоии Ватан ба масъулияти ҳар як сокини он вобаста acт. Aгар Ватан орому осуда бошад, дар саросари он cyлҳу субот ҳукмрон буда, нозу неъмат фаровон гашта, муҳаббати мардум меафзояд.
Myҳaббат ба Ватан асосан дар давраи кӯдакӣ зоҳир шуда, минбаъд ташаккул меёбад. Муҳимтар аз ҳама кӯдакон бояд аз хурдсолӣ ба мафҳумҳои сулҳ, дӯстӣ, озодӣ, ваҳдати миллӣ сарфаҳм раванд. Ин кор пеш аз ҳама маҳсули тарбияи оила, ҷомеа ва мактаб аст. Бинобар ин, дар мактабҳо фазои сулҳ, ваҳдат, ватандӯстӣ, ваҳдату муқаддасоти Тоҷикистон ҳукмфармо ва дар мадди аввал қарор гирад. Тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва инсонгароӣ дар ҳамаи замонҳо яке аз масъалаҳои муҳим ва заҳматталаби ҷамъиятӣ шуморида шуда буд ва ин мафҳум то ҳол идома ёфта истодааст. Барои амалӣ ва самарабахш натиҷабардорӣ кардан аз чунин мафҳумҳо бояд аз кӯдакистонҳо сар карда бачагонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, садоқат ба ватан ва ғояҳои олии муқаддасоти кишвар парвариш намоем.
Инсон ба ҳар зарра хоку ҳар қaтpa оби Baтан ончунон дил мебандад, ки бе он наметавонад хушбахту бахтиёр бошад. Ҳиссиёти ватандӯстӣ ин худ садоқат ба Ватан, саъю кӯшиши ба нафъи Ватан хизмат кардан мебошад. Маънии калимаи Ватан дар ашъори шоирон мавқеи хоса дорад.
Ҳама cap ба cap тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Дар ашъори Ҳабиб Юсуфӣ Ватан ба таври мушаххас ва образнок тасвир ёфтааст. Ватан барои ӯ ҳамчун хонаи умед ва бахшандаи бахту саодат, модари азизу меҳрубон мебошад:
Ватанро бинозам, маро дар канор,
Чу модар гирифту намуд бахтиёр...
Имрӯзҳо боиси ифтихори мост, ки Тоҷикистони азиз-Ватани аҷдодии мо тавассути иқдомҳо ва ташаббусҳои наҷибу созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба олам ба таври шоиста муаррифӣ мегардад. Чунин ташаббусҳои Пешвои миллат агар аз як ҷониб боиси ифтихори мо бошад, аз ҷониби дигар масъулияти моро дар роҳи нигаҳдошти сулҳу осоиштагии Ватани азизамон афзунтар мегардонад.