الصفحة الرئيسية المقالات ИТТИҲОДУ ИТТИФОҚ – АСОСИ ТАЪЛИМОТИ ИСЛОМ

ИТТИҲОДУ ИТТИФОҚ – АСОСИ ТАЪЛИМОТИ ИСЛОМ

ИТТИҲОДУ ИТТИФОҚ – АСОСИ ТАЪЛИМОТИ ИСЛОМ
2019-07-19
2093

Иттиҳоду иттифоқ яке аз сифатҳои ҳамидаи инсонӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз як инсон ба танҳоӣ наметавонад зиндагии хуб дошта бошад ва аз иҷрои ҳамаи мушкилоти зиндагӣ баромада тавонад. Агар инсонҳо бо ҳам иттифоқу иттиҳод шаванд, бо ёрии ҳамдигар метавонанд мушкилоти пешомадаро ба осонӣ ҳал намоянд. Мардум бояд мушкилоти ҳамдигарро бо ҳам дида, барои кумаки ҳамдигар ҳамеша омода бошанд.

Дар ин маврид Саъдии бузургвор хеле хуб фармудааст:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Ин шеър мафҳуми ҳадиси Расули акрам (с) аст, ки мефармояд: «Ҳамаи мусулмонон мисли як шахсанд, ҳар вақте ки чашмашро дард бигирад, тамоми баданашро дард фаро мегирад. Ҳар вақте ки сараш дард кунад, пас тамоми баданаш дард мекунад».

Ба ҳамин хотир, Худованди бузург паёмбаронеро, ки ба рисолати паёмбарӣ мабъус мегардонид, дастур медод, то умматонашонро ба иттиҳоду иттифоқ даъват кунанд. Чунонки Худованди мутаол дар Қуръони карим фармудааст: «Мардум як уммат буданд!» ҳамаи мусулмонҳо ба ин боваранд, ки инсонҳо аз як падару модаранд.

Ҳамзамон Худованди карим дар ҷои дигар хитоб ба бандагони хеш намуда, мефармояд: «Ҳамагӣ ба ресмони Худованд чанг бизанед ва пароканда нашавед». Худованд дар ин ояти карима бандагонашро ба иттиҳоду иттифоқ амр намудааст, зеро ҳар мамлакате, ки мардумаш дорои ин ду сифат бошанд, Худованд он мамлакатро дар ҳоли амну амонӣ нигоҳ медорад. Баракаташро болои онҳо зиёда мегардонад то ин ки мардумаш зиндагии орому осуда дошта бошанд.

Имрӯзҳо тавре ба воситаи оинаи нилгун мушоҳида мекунем, ҳар кишваре, ки мардумаш дорои ин ду сифатанд, аз нигоҳи амну амният ва фаровонӣ аз ҷумлаи пешрафтатарин кишвар ба шумор мераванд. Аммо он кишваре, ки мардумаш бо ҳам иттиҳоду иттифоқ, дӯсту бародар набошанд, албатта мардумашон дар амният ва фаровонӣ буда наметавонанд.

Ба амсоли давлатҳои Сурия, Ироқ ва дигар мамлакатҳои ҷангзада, ки мардумашон дар зери тиру тупи ҳамдигар қарор доранд ва аз гуруснагӣ мардумашон ба ҳалокат расида истодаанд.  Дар сурате, ки пеш аз ихтилофу кашмакашиашон дар ҳоли амну амонӣ ва фаровонӣ буданд, аз ин лиҳоз Худованд дар Қуръони карим мефармояд: «Монанди касоне набошед, ки пароканда шуданд ва ихтилоф кардан баъд аз он, ки барои онҳо нишонаҳои ошкоро омад ва онон касоне ҳастанд, ки барои онҳо азоби бузургест». Бо ин мазмун Паёмбари Худо (с) барҳақ фармудааст: «Муъмини комил нест яке аз шумо то замоне, ки ончиро барои худаш дӯст медорад, ҳамонро барои бародари мусулмонаш низ дӯст бидорад».

Дар ҷои дигар Расули акрам (с) мефармояд: «Ҳамеша бо ҷамоат бошед ва аз парокандагӣ дур шавед» зеро, ки тараққӣ ва пешрафти зиндагӣ дар сояи иҷтимоъ аст, на дар дар зиндагии танҳоӣ.

Аз ин рӯ, барои мо мардуми шарафманди Тоҷикистон лозим аст, ки бо ҳам дӯсту бародар ва ёрирасони ҳамдигар бошем.

وقت الصلاة في طاجيكستان

27.11.2024

أكثر
الفجر05:42
الظهر12:40
العصر15:13
المغرب17:08
العشاء18:38
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر