مسألة № 01019

Оё метавонем якдигарро бо чунин лафз ( تَقَبَّلَ اللهُ مِنَّا وَمِنْكُمْ ) низ муборакбод гӯем?

مسألة:

Ассалому алайкум! Вақтҳои охир дар мо одат шудааст, ки тариқи паёмакҳои шабакаҳои иҷтимоӣ якдигарро бо рӯзи ҷумъа муборакбод гӯем (Ҷумъа муборак!). Аз нигоҳи мазҳабамон дуруст аст? Оё метавонем якдигарро бо чунин лафз ( تَقَبَّلَ اللهُ مِنَّا وَمِنْكُمْ ) низ муборакбод гӯем?

Саволдиҳанда: Абдуллоҳ

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, муборакбод гуфтани якдигар дар корҳои хайр амали дуруст аст. Яке аз суннатҳо ва одоби рӯзи ид изҳори хушҳолию шодмонӣ ва башошату кушодарӯӣ дар вақти мулоқот бо якдигар ба хотири устувор кардани робитаи муҳаббату бародарӣ аст. Табрику таҳният дар рӯзи ид бо лафзи تَقَبَّلَ اللهُ مِنَّا وَمِنْكُمْ – “Худованд аз мову шумо қабул кунад” аз баъзе саҳобагон низ ворид шудааст. Аз он ҷо ки рӯзи ҷумъа беҳтарин рӯзҳои ҳафта ва рӯзи иҷтимоъи мусулмонон барои адои фаризаи илоҳӣ аст, табрики якдигар бо ин лафз бо қиёс ба рӯзи ид боке надорад. (“Ал-муъҷамул-кабир”-и Табаронӣ;“Ал-баҳрур-роиқ”, ҷ. 2, с. 277; Ҳошияи “Нурул-изоҳ”, ҷ. 1, с. 345) 

2017-04-05
3357
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

25.04.2025

أكثر
الفجر03:58
الظهر12:40
العصر17:23
المغرب19:22
العشاء20:52