Савол № 01019

Оё метавонем якдигарро бо чунин лафз ( تَقَبَّلَ اللهُ مِنَّا وَمِنْكُمْ ) низ муборакбод гӯем?

Савол:

Ассалому алайкум! Вақтҳои охир дар мо одат шудааст, ки тариқи паёмакҳои шабакаҳои иҷтимоӣ якдигарро бо рӯзи ҷумъа муборакбод гӯем (Ҷумъа муборак!). Аз нигоҳи мазҳабамон дуруст аст? Оё метавонем якдигарро бо чунин лафз ( تَقَبَّلَ اللهُ مِنَّا وَمِنْكُمْ ) низ муборакбод гӯем?

Саволдиҳанда: Абдуллоҳ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, муборакбод гуфтани якдигар дар корҳои хайр амали дуруст аст. Яке аз суннатҳо ва одоби рӯзи ид изҳори хушҳолию шодмонӣ ва башошату кушодарӯӣ дар вақти мулоқот бо якдигар ба хотири устувор кардани робитаи муҳаббату бародарӣ аст. Табрику таҳният дар рӯзи ид бо лафзи تَقَبَّلَ اللهُ مِنَّا وَمِنْكُمْ – “Худованд аз мову шумо қабул кунад” аз баъзе саҳобагон низ ворид шудааст. Аз он ҷо ки рӯзи ҷумъа беҳтарин рӯзҳои ҳафта ва рӯзи иҷтимоъи мусулмонон барои адои фаризаи илоҳӣ аст, табрики якдигар бо ин лафз бо қиёс ба рӯзи ид боке надорад. (“Ал-муъҷамул-кабир”-и Табаронӣ;“Ал-баҳрур-роиқ”, ҷ. 2, с. 277; Ҳошияи “Нурул-изоҳ”, ҷ. 1, с. 345) 

2017-04-05
3248
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:28
Шом17:25
Хуфтан18:55