مسألة № 01022

Лутфан бигӯед, ки ботил шудани намоз аз фосид шуданаш чӣ фарқ дорад.

مسألة:

Лутфан бигӯед, ки ботил шудани намоз аз фосид шуданаш чӣ фарқ дорад.

Саволдиҳанда: Содиқ

إجابة:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, намоз ибодатест махсус, ки анҷом додани он бо тамоми шароит ва аркону одобаш ҳатмӣ аст, то ки ба тарзи дуруст ва саҳеҳ адо ёбад. Фарқи байни фосид ва ботил ин аст, ки дар сурати фосид шудани намоз асли он боқӣ мемонад, вале васфаш аз байн меравад. Аммо дар сурати ботил шудан ҳам асли он ва ҳам васфаш аз байн меравад. Ба таври мисол, агар шахсе чор ракъат намози нафл ният кард ва дар ду ракъати шафъи аввал қироат накард, аз назари Имоми Аъзам (р) намозаш ботил мешавад ва дигар наметавонад, ки ракъатҳои сеюм ва чаҳорумро бихонад. Аммо аз назари Имом Абӯюсуф (р) намозаш фосид мешавад, яъне васфи он, ки адои ду ракъат аст, аз байн меравад, вале асли он, ки таҳрима аст, боқӣ мемонад, аз ин рӯ, метавонад, ки ракъатҳои сеюм ва чаҳорумро ба ҷо оварад. Дар ҳар ду сурати ботилшавӣ ё фосидшавии намоз аз сар гузоридани он воҷиб ва ҳатмӣ аст. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 20; “Ал-фиқҳул-исломӣ ва адиллатуҳу”, ҷ. 2, с. 1021-1025) 

2017-04-08
3370
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

25.04.2025

أكثر
الفجر03:58
الظهر12:40
العصر17:23
المغرب19:22
العشاء20:52