مسألة № 01029

Барои инсон аввал тақво зарур аст ё илм. Дар ҷавоб Шумо гуфтед, ки барои инсон илм зарур аст.

مسألة:

Ассалому алайкум. Домуллои азиз, ман ба Шумо суоле дода будам, ки барои инсон аввал тақво зарур аст ё илм. Дар ҷавоб Шумо гуфтед, ки барои инсон илм зарур аст. Аммо ман дар сураи “Бақара” ояти 282-умро хондам: “Ваттақуллоҳа ва юаллимукумуллоҳ, валлоҳу бикулли шайъин ъалим''. Дар бораи ин ояти қуръонӣ чӣ мегӯед, ки Худованд тақворо барои инсон дар аввал гуфтааст?

Саволдиҳанда: Абдуллоҳ

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, шояд шумо мафҳуми ҷавоби моро хуб дарк накардаед, агар дар инсон илми ҳалолу ҳаром ва тақво набошад, чӣ гуна тақвои Худоро ба ҷо меорад. Ба иттифоқи донишмандон илм аз амал муқаддам мебошад ва тақво ҳам аз қисми амал аст. Аммо мафҳуми ояти мазкур ин аст, ки пас аз амал кардан ба илми худ ва тақво пеша карданатон Худованд дарҳои илму ҳикматро бар рӯи шумо мекушояд. Худованд илму тақвои шуморо боз ҳам зиёд гардонад.

2017-04-10
2790
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

27.11.2024

أكثر
الفجر05:42
الظهر12:40
العصر15:13
المغرب17:08
العشاء18:38