Вопрос № 01029
Барои инсон аввал тақво зарур аст ё илм. Дар ҷавоб Шумо гуфтед, ки барои инсон илм зарур аст.
Вопрос:
Ассалому алайкум. Домуллои азиз, ман ба Шумо суоле дода будам, ки барои инсон аввал тақво зарур аст ё илм. Дар ҷавоб Шумо гуфтед, ки барои инсон илм зарур аст. Аммо ман дар сураи “Бақара” ояти 282-умро хондам: “Ваттақуллоҳа ва юаллимукумуллоҳ, валлоҳу бикулли шайъин ъалим''. Дар бораи ин ояти қуръонӣ чӣ мегӯед, ки Худованд тақворо барои инсон дар аввал гуфтааст?
Саволдиҳанда: Абдуллоҳ
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, шояд шумо мафҳуми ҷавоби моро хуб дарк накардаед, агар дар инсон илми ҳалолу ҳаром ва тақво набошад, чӣ гуна тақвои Худоро ба ҷо меорад. Ба иттифоқи донишмандон илм аз амал муқаддам мебошад ва тақво ҳам аз қисми амал аст. Аммо мафҳуми ояти мазкур ин аст, ки пас аз амал кардан ба илми худ ва тақво пеша карданатон Худованд дарҳои илму ҳикматро бар рӯи шумо мекушояд. Худованд илму тақвои шуморо боз ҳам зиёд гардонад.