مسألة № 01030

Дар ракъати чаҳоруми намоз шахс як саҷда кард ва “Аттаҳиёт”-ро хонд, дар ҳамин ҳолат чӣ тавр саҷдаи дувумро ба ҷо меоварад?

مسألة:

Ассалому алайкум. Дар ракъати чаҳоруми намоз шахс як саҷда кард ва “Аттаҳиёт”-ро хонд, дар ҳамин ҳолат чӣ тавр саҷдаи дувумро ба ҷо меоварад?

Саволдиҳанда: Меҳрофарин

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар ба ёд овард, ки саҷдаи дувумро ба ҷо наовардааст, фавран саҷда карда, дубора “Аттаҳийёт” мехонад ва саҷдаи саҳв мекунад, чунки саҷдаи дувум ҳам мисли саҷдаи аввал фарз аст ва ба сабаби таъхири он саҷдаи саҳв вочиб мегардад. 

2017-04-10
5010
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

01.03.2026

أكثر