Савол № 01030

Дар ракъати чаҳоруми намоз шахс як саҷда кард ва “Аттаҳиёт”-ро хонд, дар ҳамин ҳолат чӣ тавр саҷдаи дувумро ба ҷо меоварад?

Савол:

Ассалому алайкум. Дар ракъати чаҳоруми намоз шахс як саҷда кард ва “Аттаҳиёт”-ро хонд, дар ҳамин ҳолат чӣ тавр саҷдаи дувумро ба ҷо меоварад?

Саволдиҳанда: Меҳрофарин

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар ба ёд овард, ки саҷдаи дувумро ба ҷо наовардааст, фавран саҷда карда, дубора “Аттаҳийёт” мехонад ва саҷдаи саҳв мекунад, чунки саҷдаи дувум ҳам мисли саҷдаи аввал фарз аст ва ба сабаби таъхири он саҷдаи саҳв вочиб мегардад. 

2017-04-10
4541
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:28
Шом17:25
Хуфтан18:55