مسألة № 01101

Дар донишгоҳ баъзе муаллимон барои мондани рейтинг маблағ талаб мекунанд, агар надиҳем, рейтингро намемонанд ва ҳамин тавр ба имтиҳон роҳ дода намешавем. Мо дигар илоҷе надорем, маҷбурем бидиҳем.

مسألة:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Дар донишгоҳ баъзе муаллимон барои мондани рейтинг маблағ талаб мекунанд, агар надиҳем, рейтингро намемонанд ва ҳамин тавр ба имтиҳон роҳ дода намешавем. Мо дигар илоҷе надорем, маҷбурем бидиҳем. Лутфан мегуфтед, ки мо бо ин кор, яъне пора додан чӣ қадар гуноҳ гирифтаем.

Саволдиҳанда: Шаҳро

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, аз нигоҳи шариат пора додан ва пора гирифтан амали гуноҳ маҳсуб мешавад. Чунонки Расули Худо (с) фармудаанд: “Порадиҳанда ва порагиранда дар дӯзаханд”. Агар шумо хоҳед, ки аз гуноҳи пора додан эмин бимонед, бояд вазифаи донишҷӯии худро содиқона ба чо оварда, дар дарсҳо мунтазам иштирок намоед ва ба санҷишу имтиҳонот комилан омода шавед, умед аст, ки бидуни пардохти маблағе комёб мешавед.

2017-05-05
3227
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

14.02.2026

أكثر
الفجر05:46
الظهر12:40
العصر16:05
المغرب18:08
العشاء19:38