Question № 01101
Дар донишгоҳ баъзе муаллимон барои мондани рейтинг маблағ талаб мекунанд, агар надиҳем, рейтингро намемонанд ва ҳамин тавр ба имтиҳон роҳ дода намешавем. Мо дигар илоҷе надорем, маҷбурем бидиҳем.
Question:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Дар донишгоҳ баъзе муаллимон барои мондани рейтинг маблағ талаб мекунанд, агар надиҳем, рейтингро намемонанд ва ҳамин тавр ба имтиҳон роҳ дода намешавем. Мо дигар илоҷе надорем, маҷбурем бидиҳем. Лутфан мегуфтед, ки мо бо ин кор, яъне пора додан чӣ қадар гуноҳ гирифтаем.
Саволдиҳанда: Шаҳром
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, аз нигоҳи шариат пора додан ва пора гирифтан амали гуноҳ маҳсуб мешавад. Чунонки Расули Худо (с) фармудаанд: “Порадиҳанда ва порагиранда дар дӯзаханд”. Агар шумо хоҳед, ки аз гуноҳи пора додан эмин бимонед, бояд вазифаи донишҷӯии худро содиқона ба чо оварда, дар дарсҳо мунтазам иштирок намоед ва ба санҷишу имтиҳонот комилан омода шавед, умед аст, ки бидуни пардохти маблағе комёб мешавед.