مسألة № 01108
Шахсе, ки бо дасти худ шаҳваташро паст мекунад, оё аз имон хориҷ мешавад?
مسألة:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Шахсе, ки бо дасти худ шаҳваташро паст мекунад, оё аз имон хориҷ мешавад? Ҳукмаш аз нигоҳи дини Ислом чист?
Саволдиҳанда: Яъқуб
إجابة:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, аз назари уламои аҳли суннат ва ҷамоат фарди мусулмон бо иртикоби гуноҳ аз имон хориҷ намешавад. Аз нигоҳи дини Ислом амали истимно ҳам гуноҳ маҳсуб мешавад, зеро Расули Худо (с) шахсеро, ки ин амалро анҷом медиҳад, малъун хондааст. Роҳи дурусти паст кардани шаҳват рӯзаи нофила доштан аст. (“Ал-биноя”, ҷ. 3, с. 141)