Савол № 01108

Шахсе, ки бо дасти худ шаҳваташро паст мекунад, оё аз имон хориҷ мешавад?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Шахсе, ки бо дасти худ шаҳваташро паст мекунад, оё аз имон хориҷ мешавад? Ҳукмаш аз нигоҳи дини Ислом чист?

Саволдиҳанда: Яъқуб

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, аз назари уламои аҳли суннат ва ҷамоат фарди мусулмон бо иртикоби гуноҳ аз имон хориҷ намешавад. Аз нигоҳи дини Ислом амали истимно ҳам гуноҳ маҳсуб мешавад, зеро Расули Худо (с) шахсеро, ки ин амалро анҷом медиҳад, малъун хондааст. Роҳи дурусти паст кардани шаҳват рӯзаи нофила доштан аст.  (“Ал-биноя”, ҷ. 3, с. 141)

2017-05-08
3137
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:41
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:09
Хуфтан18:39