مسألة № 01116

Домуллои азиз, намози бомоди қазошударо пас аз тулӯи офтоб бе нияти қазо адо намудан дуруст аст? Доир ба қасдан қазо намудани намоз ҳадису ривоятҳои саҳеҳ меовардед.

مسألة:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу! Домуллои азиз, намози бомоди қазошударо пас аз тулӯи офтоб бе нияти қазо адо намудан дуруст аст? Доир ба қасдан қазо намудани намоз ҳадису ривоятҳои саҳеҳ меовардед. Қаблан сипосгузорам.

Саволдиҳанда: Абдуллоҳ

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, албатта намоз фавт шуд, қазо хонда мешавад ва дар ҳолати қазо доштан низ онро ба нияти қазо мегузорад. Фаромӯш набояд кард, ки қасдан қазо кардани намоз гуноҳи бузург аст ва уқубати сахт дар пай дорад. Дар бораи қасдан тарк намудани намоз аҳодис хеле зиёданд. Аз ҷумла, Расули гиромӣ (с) фармудаанд: “Ҳар касе, ки намозро қасдан тарк мекунад, зиммаи Худо ва зиммаи Расулаш аз ӯ соқит мегардад”. (Ривояти Аҳмад)  

2017-05-08
3663
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

08.01.2025

أكثر
الفجر06:07
الظهر12:40
العصر15:27
المغرب17:24
العشاء18:54