Савол № 01116
Домуллои азиз, намози бомоди қазошударо пас аз тулӯи офтоб бе нияти қазо адо намудан дуруст аст? Доир ба қасдан қазо намудани намоз ҳадису ривоятҳои саҳеҳ меовардед.
Савол:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу! Домуллои азиз, намози бомоди қазошударо пас аз тулӯи офтоб бе нияти қазо адо намудан дуруст аст? Доир ба қасдан қазо намудани намоз ҳадису ривоятҳои саҳеҳ меовардед. Қаблан сипосгузорам.
Саволдиҳанда: Абдуллоҳ
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, албатта намоз фавт шуд, қазо хонда мешавад ва дар ҳолати қазо доштан низ онро ба нияти қазо мегузорад. Фаромӯш набояд кард, ки қасдан қазо кардани намоз гуноҳи бузург аст ва уқубати сахт дар пай дорад. Дар бораи қасдан тарк намудани намоз аҳодис хеле зиёданд. Аз ҷумла, Расули гиромӣ (с) фармудаанд: “Ҳар касе, ки намозро қасдан тарк мекунад, зиммаи Худо ва зиммаи Расулаш аз ӯ соқит мегардад”. (Ривояти Аҳмад)