مسألة № 01122

Ман соли гузашта шавҳар кардам ва зиндагиям осуда буд. Шавҳарам шаҳрванди Тоҷикистон аст, ман аз Русия. Рӯзе ба ман гуфт, ки ба хонаи волидайнат рав, пас аз чанд рӯз ман ҳам меоям. Баъд аз омаданам гуфт, ки модараш бемор аст, бояд Тоҷикистон равад. Пас аз як моҳ тариқи паёмак навишт, ки ...

مسألة:

Ассалому алайкум. Ман соли гузашта шавҳар кардам ва зиндагиям осуда буд. Шавҳарам шаҳрванди Тоҷикистон аст, ман аз Русия. Рӯзе ба ман гуфт, ки ба хонаи волидайнат рав, пас аз чанд рӯз ман ҳам меоям. Баъд аз омаданам гуфт, ки модараш бемор аст, бояд Тоҷикистон равад. Пас аз як моҳ тариқи паёмак навишт, ки “ҷавобатро додам, рафта шавҳар кун”. Ман ба ӯ навиштам, ки ба наздикӣ соҳиби фарзанд мешавем, вале дигар аз ӯ хабаре нашуд. Оё никоҳи мо бурида шудааст? Падарам мегӯяд, ки туро ба шавҳар медиҳам. Оё ин дуруст аст? Илтимос, гӯед, ки чӣ кор кунам? Дар нимароҳи зиндагӣ мондаам.

Саволдиҳанда: Гавҳар

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, агар шавҳари шумо дар ҳақиқат паёмакро худаш навишта бошад, аз шавҳаратон пурсон шудан лозим аст, ки нияти талоқ доштааст ё на, агар паёмакро ба нияти талоқ навишта бошад, пас шумо талоқ шудаед, пас аз таваллуди фарзандатон агар хоҳед, метавонед бо каси дигар издивоҷ кунед. Худованд мушкилоти шуморо осон гардонад.

2017-05-11
3955
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

25.02.2025

أكثر
الفجر05:29
الظهر12:40
العصر16:24
المغرب18:23
العشاء19:53