Савол № 01122

Ман соли гузашта шавҳар кардам ва зиндагиям осуда буд. Шавҳарам шаҳрванди Тоҷикистон аст, ман аз Русия. Рӯзе ба ман гуфт, ки ба хонаи волидайнат рав, пас аз чанд рӯз ман ҳам меоям. Баъд аз омаданам гуфт, ки модараш бемор аст, бояд Тоҷикистон равад. Пас аз як моҳ тариқи паёмак навишт, ки ...

Савол:

Ассалому алайкум. Ман соли гузашта шавҳар кардам ва зиндагиям осуда буд. Шавҳарам шаҳрванди Тоҷикистон аст, ман аз Русия. Рӯзе ба ман гуфт, ки ба хонаи волидайнат рав, пас аз чанд рӯз ман ҳам меоям. Баъд аз омаданам гуфт, ки модараш бемор аст, бояд Тоҷикистон равад. Пас аз як моҳ тариқи паёмак навишт, ки “ҷавобатро додам, рафта шавҳар кун”. Ман ба ӯ навиштам, ки ба наздикӣ соҳиби фарзанд мешавем, вале дигар аз ӯ хабаре нашуд. Оё никоҳи мо бурида шудааст? Падарам мегӯяд, ки туро ба шавҳар медиҳам. Оё ин дуруст аст? Илтимос, гӯед, ки чӣ кор кунам? Дар нимароҳи зиндагӣ мондаам.

Саволдиҳанда: Гавҳар

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, агар шавҳари шумо дар ҳақиқат паёмакро худаш навишта бошад, аз шавҳаратон пурсон шудан лозим аст, ки нияти талоқ доштааст ё на, агар паёмакро ба нияти талоқ навишта бошад, пас шумо талоқ шудаед, пас аз таваллуди фарзандатон агар хоҳед, метавонед бо каси дигар издивоҷ кунед. Худованд мушкилоти шуморо осон гардонад.

2017-05-11
3953
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:29
Пешин12:40
Аср16:24
Шом18:23
Хуфтан19:53