مسألة № 01188

Аз ҳама калонтарин ва аз ҳама гуноҳи хурдтарин кадом аст?Як бародар дорам, ки аз як зани номаҳрам гарданбанде гирифта дар гарданаш овехтааст, оё ин ҷоиз аст? Оё ишқбозӣ бо номаҳрам ҷоиз аст?

مسألة:

1. Аз ҳама калонтарин ва аз ҳама гуноҳи хурдтарин кадом аст? 2. Агар нафаре дуздӣ кард ва рафта аз мағоза чизе харид, он пуле, ки соҳиби мағоза мегирад, ҳалол аст? 3. Як бародар дорам, ки аз як зани номаҳрам гарданбанде гирифта дар гарданаш овехтааст, оё ин ҷоиз аст? 4. Оё ишқбозӣ бо номаҳрам ҷоиз аст?

Саволдиҳанда: Саидҷон

إجابة:

Ассалому алайкум. 1. Бародари азиз, аз ҳама гуноҳи калонтарин ширк овардан ба Худо аст, аммо гуноҳони хурд бисёранд ва набояд гуноҳеро хурд шуморид, агар касе гуноҳи хурдро бардавом анҷом диҳад, он гуноҳи хурд ба гуноҳи бузург табдил меёбад ва ниёз ба тавбаву истиғфор дорад. 2. Агар соҳиби мағоза аз ҳақиқати он пул огоҳ набошад, пас гирифтани он пули дуздишуда барои ӯ дуруст аст. 3. Бо зани номаҳрам муносибати номаҳрамона кардан ҳаром аст, овезон кардани гарданбанд низ барои мард ҳаром аст. 4. Ишқбозӣ бо номаҳрам амали номашруъ ва ҳаром аст. 

2017-06-02
3127
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

26.11.2024

أكثر
الفجر05:41
الظهر12:40
العصر15:13
المغرب17:09
العشاء18:39