Question № 01188
Аз ҳама калонтарин ва аз ҳама гуноҳи хурдтарин кадом аст?Як бародар дорам, ки аз як зани номаҳрам гарданбанде гирифта дар гарданаш овехтааст, оё ин ҷоиз аст? Оё ишқбозӣ бо номаҳрам ҷоиз аст?
Question:
1. Аз ҳама калонтарин ва аз ҳама гуноҳи хурдтарин кадом аст? 2. Агар нафаре дуздӣ кард ва рафта аз мағоза чизе харид, он пуле, ки соҳиби мағоза мегирад, ҳалол аст? 3. Як бародар дорам, ки аз як зани номаҳрам гарданбанде гирифта дар гарданаш овехтааст, оё ин ҷоиз аст? 4. Оё ишқбозӣ бо номаҳрам ҷоиз аст?
Саволдиҳанда: Саидҷон
Answer:
Ассалому алайкум. 1. Бародари азиз, аз ҳама гуноҳи калонтарин ширк овардан ба Худо аст, аммо гуноҳони хурд бисёранд ва набояд гуноҳеро хурд шуморид, агар касе гуноҳи хурдро бардавом анҷом диҳад, он гуноҳи хурд ба гуноҳи бузург табдил меёбад ва ниёз ба тавбаву истиғфор дорад. 2. Агар соҳиби мағоза аз ҳақиқати он пул огоҳ набошад, пас гирифтани он пули дуздишуда барои ӯ дуруст аст. 3. Бо зани номаҳрам муносибати номаҳрамона кардан ҳаром аст, овезон кардани гарданбанд низ барои мард ҳаром аст. 4. Ишқбозӣ бо номаҳрам амали номашруъ ва ҳаром аст.