مسألة № 01236

Баъзе нафарон бар он ақидаанд, ки гирифтани рӯза то равшан шудани субҳ дуруст аст, яъне то субҳ тановул карда пас аз он нияти рӯза мекунанд. Оё ин амал дар рӯза доштан саҳеҳияте дорад?

مسألة:

Ассалому алайкум домуллои азиз. Фарорасии моҳи шарифи Рамазон муборак. 1. Баъзе нафарон бар он ақидаанд, ки гирифтани рӯза то равшан шудани субҳ дуруст аст, яъне то субҳ тановул карда пас аз он нияти рӯза мекунанд. Оё ин амал дар рӯза доштан саҳеҳияте дорад? 2. Дар ҳолати рӯза гузаронидани сӯзандору ба тан рӯзаро мешиканад? Аксар бар ин фикранд, ки намешиканад. Лутфан ҷавоби саҳеҳ диҳед. Қаблан сипосгузор ва дуогӯи шумоям.

Саволдиҳанда: Шоҳин

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, оғозу анҷоми вақти рӯза дар тақвими Шӯрои уламо нишон дода шудааст, бояд аз он истифода бурд. То дамидани субҳ ва равшан шудани фазо тановул кардан дуруст нест, чунки вақти рӯза аз лаҳзаи аввали субҳ оғоз шуда то фарорасии шом идома меёбад. 2. Тибқи мазҳаби Имоми Аъзам (р) гузаронидани сӯзандору ба бадан рӯзаро мешиканад, зеро Расули Худо (с) фармудаанд: “Ҳар чизе, ки вориди бадан мешавад, рӯзаро мешиканад ва ҳар чизе, ки аз бадан хориҷ мешавад, таҳоратро мешиканад”. (“Ҳидояи шариф”, китоби савм)

2017-06-12
3990
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

23.11.2024

أكثر
الفجر05:38
الظهر12:40
العصر15:15
المغرب17:10
العشاء18:40