مسألة № 01678

Вақтҳои охир бисёр даъват мекунанд, ки аз ҳолатҳои шубҳанок ба милисаҳо хабар диҳед. Оё хабар кашидан ба милиса гуноҳ нест? Дар кадом ҳолат ба мақомот бояд хабар кашид ва дар кадом ҳолат на?

مسألة:

Ассалому алайкум. Вақтҳои охир бисёр даъват мекунанд, ки аз ҳолатҳои шубҳанок ба милисаҳо хабар диҳед. Оё хабар кашидан ба милиса гуноҳ нест? Дар кадом ҳолат ба мақомот бояд хабар кашид ва дар кадом ҳолат на?

Саволдиҳанда:Сафар

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ба мақомот хабар додан кори хайр аст, агар туҳмат ё ғарази шахсӣ набошад. Ҳар фарде, ки шубҳанок аст ё амалҳое анҷом медиҳад, ки ба амну суботи ҷомеа ва одобу ахлоқи он зарар ё хатар эҷод мекунад, аз қабили даст задан ба фурўши маводи мухаддир, таҳдид кардан ё зарари ҷисмонӣ расонидан ба касе, инчунин ба қонунҳои мавҷуда эҳтиром нагузоштан, ин гуна фард сазовори тарбия аст ва бояд тарбия карда шавад.

2018-03-09
3261
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

25.11.2024

أكثر
الفجر05:40
الظهر12:40
العصر15:14
المغرب17:09
العشاء18:39