مسألة № 01747

Дар Қуръон пас аз калимаи الْهَدْيِ аломати вақф (ист) омадааст. Баъзе қориён дар ҳолати ист ҳаракати зер (касра)-ро мехонанд, аммо дар қоидаҳо хондам, ки пас аз ором гирифтан касра хонда намешавад.

مسألة:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. 1. Агар дар аснои хондани суннати бомдод ё пешин иқомат гуфта шавад, чӣ бояд кард? 2. Дар Қуръон пас аз калимаи الْهَدْيِ аломати вақф (ист) омадааст. Баъзе қориён дар ҳолати ист ҳаракати зер (касра)-ро мехонанд, аммо дар қоидаҳо хондам, ки пас аз ором гирифтан касра хонда намешавад. Тарзи дурусти онро мефаҳмондед.

Саволдиҳанда: Абдурраҳмон

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, ҳангоми хондани суннати бомдод агар иқомат гуфта шавад ва шумо бовар доред, ки пас аз адои суннат ақаллан як ракъати фарзро дармеёбед, дар ин ҳолат намози суннатро комил карда, сипас ба фарз иқтидо мекунед. Дар намози пешин агар як ракъат аз суннатро гузорида бошед ва дар ин ҳолат иқомат гуфта шавад, як ракъати дигар ба он зам карда, салом диҳед ва ба фарз иқтидо кунед, пас аз адои фарз суннатро бигузоред. 2. Калимаи мазкур дар ҳолати ист ба шакли “ҳадй” хонда шуда, дар ин ҳолат касра хонда намешавад. 

2018-05-04
3023
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

25.11.2024

أكثر
الفجر05:40
الظهر12:40
العصر15:14
المغرب17:09
العشاء18:39