Савол № 01747

Дар Қуръон пас аз калимаи الْهَدْيِ аломати вақф (ист) омадааст. Баъзе қориён дар ҳолати ист ҳаракати зер (касра)-ро мехонанд, аммо дар қоидаҳо хондам, ки пас аз ором гирифтан касра хонда намешавад.

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. 1. Агар дар аснои хондани суннати бомдод ё пешин иқомат гуфта шавад, чӣ бояд кард? 2. Дар Қуръон пас аз калимаи الْهَدْيِ аломати вақф (ист) омадааст. Баъзе қориён дар ҳолати ист ҳаракати зер (касра)-ро мехонанд, аммо дар қоидаҳо хондам, ки пас аз ором гирифтан касра хонда намешавад. Тарзи дурусти онро мефаҳмондед.

Саволдиҳанда: Абдурраҳмон

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, ҳангоми хондани суннати бомдод агар иқомат гуфта шавад ва шумо бовар доред, ки пас аз адои суннат ақаллан як ракъати фарзро дармеёбед, дар ин ҳолат намози суннатро комил карда, сипас ба фарз иқтидо мекунед. Дар намози пешин агар як ракъат аз суннатро гузорида бошед ва дар ин ҳолат иқомат гуфта шавад, як ракъати дигар ба он зам карда, салом диҳед ва ба фарз иқтидо кунед, пас аз адои фарз суннатро бигузоред. 2. Калимаи мазкур дар ҳолати ист ба шакли “ҳадй” хонда шуда, дар ин ҳолат касра хонда намешавад. 

2018-05-04
3024
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:40
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:09
Хуфтан18:39