مسألة № 02179

Оё ҷарроҳии пластикӣ кардани бинӣ дар Ислом ҷоиз аст? . Шайхи фонӣ киро мегўянд?. Шахсе соҳиби дукони тиҷоратӣ буда, сармояи он дукон 80000 $ бошад, вале айни ҳол савдо ва даромаде надорад, оё закот бар ў фарз мешавад?

مسألة:

Ассалому алайкум. 1. Оё ҷарроҳии пластикӣ кардани бинӣ дар Ислом ҷоиз аст? 2. Шайхи фонӣ киро мегўянд? 3. Шахсе соҳиби дукони тиҷоратӣ буда, сармояи он дукон 80000 $ бошад, вале айни ҳол савдо ва даромаде надорад, оё закот бар ў фарз мешавад?

Саволдиҳанда: Карим

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, ҷарроҳии пластикии бинӣ фақат дар ҳолати зарурат раво аст, бе узр ҷоиз нест. 2. Шайхи фонӣ пири солхўрдае аст, ки бар асари пирӣ тавони рўза доштан надорад ва пас аз моҳи Рамазон ҳам наметавонад қазои онро ба ҷо оварад. Ҳамчунин беморе, ки то охири умр ба саломатиаш умеде нест, дар ҳукми шайхи фонӣ дохил аст. Чунин ашхос ба ҷои рўза фидя медиҳанд. 3. Соҳиби ин дукон аз он сармояе, ки дорад, бояд закот пардозад, агарчи савдо ё даромаде ҳам надошта бошад, зеро ў соҳиби нисоб аст.

2019-06-03
2815
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

20.05.2025

أكثر
الفجر03:30
الظهر12:40
العصر17:48
المغرب19:46
العشاء21:16