مسألة № 02646

Марди қиморбозе пас аз бохтани пулҳояш ба қаҳр мегўяд, ки “агар дафъаи дигар қиморбозӣ кунам, имонам аз кофир ва кофир шавам”, лекин бори дигар низ бозӣ мекунад, дар ин ҳолат никоҳи ў чӣ мешавад? Дар ҳоле ки қаблан ду бор ҳамсарашро талоқ дода ва боз таҷдиди никоҳ кардааст.

مسألة:

Ассалому алайкум. Марди қиморбозе пас аз бохтани пулҳояш ба қаҳр мегўяд, ки “агар дафъаи дигар қиморбозӣ кунам, имонам аз кофир ва кофир шавам”, лекин бори дигар низ бозӣ мекунад, дар ин ҳолат никоҳи ў чӣ мешавад? Дар ҳоле ки қаблан ду бор ҳамсарашро талоқ дода ва боз таҷдиди никоҳ кардааст.

Саволдиҳанда:Муҳаммад

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар ин масъала сухани ин қиморбоз ямин, яъне қасам маҳсуб мешавад ва аз сабаби он ки қасамашро шикаста, боз қиморбозӣ кардааст, каффорати қасам бар ў лозим шудааст. Каффорати қасам ин аст, ки даҳ нафар фақирро наҳору шом ғизо бихўронад ё ба ҳар нафар фақире ним ман гандум (2 кг) ё як ман (4 кг) ҷав ё қимати онро бидиҳад ё даҳ мискинро либос бипўшонад, агар бар яке аз инҳо қодир набошед, се рўз рўза бигирад.

2022-02-15
1627
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

25.12.2024

أكثر
الفجر06:05
الظهر12:40
العصر15:15
المغرب17:13
العشاء18:43