مسألة № 02695

Дар моҳи шарифи Рамазон дурўғ гуфтан ё ҳақорат кардан то кадом андоза ба рўзадории мо таъсири манфӣ мерасонад? Мегўянд, ки ҳатто дашном рўзаро мешиканад, ин дуруст аст?

مسألة:

Дар моҳи шарифи Рамазон дурўғ гуфтан ё ҳақорат кардан то кадом андоза ба рўзадории мо таъсири манфӣ мерасонад? Мегўянд, ки ҳатто дашном рўзаро мешиканад, ин дуруст аст?

Саволдиҳанда:Сабрина

إجابة:

Дурўғ гуфтан ва дашном додан аз ҷумлаи хислатҳои зишт буда, барои шахси мусулмон зебанда нест. Аммо мутаассифона баъзе ҷавонон ва наврасону кўдакон ба ин хислати бад гирифторанд, чунки онҳо аз фарҳангу маънавиёти Ислом дур мондаанд. Имом Тирмизӣ аз Ибни Умар (р) ривоят кардааст, ки Пайғамбар (с) фармуданд: «Ҳангоме ки одамӣ дурўғ мегўяд, фариштагон аз бўйи бади дурўғ ба андозаи як мил аз ў дур мешаванд».  Дар ҳадиси дигар ба ривояти Бухорӣ  Пайғамбар (с) фармудаанд: «Ҳар шахси рўзадоре, ки сухану кори беҳударо тарк накунад, Худованд ниёзе ба гурусна ва ташна будани ў надорад». Аз нигоҳи фиқҳӣ дурўғ гуфтан ва дашном додан рўзаро намешиканад, аммо аҷру савоби онро аз байн мебарад ва барои шахси рўзадор ба ҷуз гуруснагию ташнагӣ чизе намемонад.

2022-04-21
1569
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

23.01.2025

أكثر
الفجر06:02
الظهر12:40
العصر15:42
المغرب17:41
العشاء19:11

A PHP Error was encountered

Severity: Warning

Message: Unknown: open(/var/www/shuroiulamo.tj/data/mod-tmp/sess_kmgs29781o7u840n868ttbgjo4, O_RDWR) failed: No space left on device (28)

Filename: Unknown

Line Number: 0

A PHP Error was encountered

Severity: Warning

Message: Unknown: Failed to write session data (files). Please verify that the current setting of session.save_path is correct (/var/www/shuroiulamo.tj/data/mod-tmp)

Filename: Unknown

Line Number: 0