Вопрос № 02695
Дар моҳи шарифи Рамазон дурўғ гуфтан ё ҳақорат кардан то кадом андоза ба рўзадории мо таъсири манфӣ мерасонад? Мегўянд, ки ҳатто дашном рўзаро мешиканад, ин дуруст аст?
Вопрос:
Дар моҳи шарифи Рамазон дурўғ гуфтан ё ҳақорат кардан то кадом андоза ба рўзадории мо таъсири манфӣ мерасонад? Мегўянд, ки ҳатто дашном рўзаро мешиканад, ин дуруст аст?
Саволдиҳанда:Сабрина
Ответ:
Дурўғ гуфтан ва дашном додан аз ҷумлаи хислатҳои зишт буда, барои шахси мусулмон зебанда нест. Аммо мутаассифона баъзе ҷавонон ва наврасону кўдакон ба ин хислати бад гирифторанд, чунки онҳо аз фарҳангу маънавиёти Ислом дур мондаанд. Имом Тирмизӣ аз Ибни Умар (р) ривоят кардааст, ки Пайғамбар (с) фармуданд: «Ҳангоме ки одамӣ дурўғ мегўяд, фариштагон аз бўйи бади дурўғ ба андозаи як мил аз ў дур мешаванд». Дар ҳадиси дигар ба ривояти Бухорӣ Пайғамбар (с) фармудаанд: «Ҳар шахси рўзадоре, ки сухану кори беҳударо тарк накунад, Худованд ниёзе ба гурусна ва ташна будани ў надорад». Аз нигоҳи фиқҳӣ дурўғ гуфтан ва дашном додан рўзаро намешиканад, аммо аҷру савоби онро аз байн мебарад ва барои шахси рўзадор ба ҷуз гуруснагию ташнагӣ чизе намемонад.