مسألة № 00306

Дар болои қабр санг бо аксаш мондаанд. Дар ин бора медонам, ки акс дуруст нест. Ба ман гӯед, ки чӣ гуноҳ аст ва чӣ тавр фикри хонаводаро ислоҳ намуд?

مسألة:

Ассалому алайкум. Дар болои қабр санг бо аксаш мондаанд. Дар ин бора медонам, ки акс дуруст нест. Ба ман гӯед, ки чӣ гуноҳ аст ва чӣ тавр фикри хонаводаро ислоҳ намуд? Раҳмати Аллоҳ ба Шумо. Илҳомҷон.


 

إجابة:

Дар сари қабр гузоштани санг бо акси соҳибаш ҷоиз нест. Аммо гузоштани санги муқаррарӣ ва одӣ мустаҳаб аст, агар эҳтиёҷ пайдо шавад, ному насаб ва санаи вафот дар санги қабр навишта мешавад, зеро ҳангоме ки Усмон ибни Мазъун (р) – бародари разоъии Расули Худо (с) вафот кард, он Ҳазрат (с) дар сари қабраш санге гузошта, гуфтанд: “«Ба ҳамин санг қабри бародарамро мешиносам ва ҳар касеро, ки аз хонаводаам вафот кунад, дар назди ӯ дафн мекунам».  

Агар эҳтиёҷ пайдо шавад, навиштани ному насаб ва санаи вафот рӯи санги қабр боке надорад, то ки асари қабр нест нагардад ва нисбати он иҳонат нашавад. (“Раддул-муҳтор”, ҷ. 6, с. 381; Ибни Моҷа, ҷ. 1, с. 498, «Ал-фиқҳу-л-исломӣ ва адиллатуҳу», ҷ. 2, с. 1553)

2016-02-18
3517
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

28.11.2024

أكثر
الفجر05:43
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:08
العشاء18:38