مسألة № 00357

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ ва баракотуҳ. Бародарон, як савол. Ҳолати ҳайз бо ҳамсарат ҳамхоба шавӣ, ҳамсарат талоқ мешавад?

مسألة:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ ва баракотуҳ. Бародарон, як савол. Ҳолати ҳайз бо ҳамсарат ҳамхоба шавӣ, ҳамсарат талоқ мешавад?

Саволдиҳанда:Убайдулло

إجابة:

Дар ҳолати ҳайз бо зан ҳамхоба шудан ҳаром аст, чунончи Худованд дар Қуръон мефармояд:

فَاعْتَزِلُوا النِّسَاءَ فِي الْمَحِيضِ وَلَا تَقْرَبُوهُنَّ حَتَّىٰ يَطْهُرْنَ 

 «Пас, аз занон дар ҳоли ҳайз як сӯ шавед ва ба онҳо наздикӣ макунед, то он ки пок шаванд». (Сураи “Бақара”, ояти 222).

Аммо бо ин амал никоҳ бурида намешавад ва агар саҳван бошад, истиғфор кунад ва агар қасдан бошад, тавба кунад, чунки ин амал аз гуноҳони кабира ба шумор меравад. Уламо гуфтаанд, ки садақа низ диҳад.

2016-03-31
3314
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

28.11.2024

أكثر
الفجر05:43
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:08
العشاء18:38