Вопрос № 00357
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ ва баракотуҳ. Бародарон, як савол. Ҳолати ҳайз бо ҳамсарат ҳамхоба шавӣ, ҳамсарат талоқ мешавад?
Вопрос:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ ва баракотуҳ. Бародарон, як савол. Ҳолати ҳайз бо ҳамсарат ҳамхоба шавӣ, ҳамсарат талоқ мешавад?
Саволдиҳанда:Убайдулло
Ответ:
Дар ҳолати ҳайз бо зан ҳамхоба шудан ҳаром аст, чунончи Худованд дар Қуръон мефармояд:
فَاعْتَزِلُوا النِّسَاءَ فِي الْمَحِيضِ وَلَا تَقْرَبُوهُنَّ حَتَّىٰ يَطْهُرْنَ
«Пас, аз занон дар ҳоли ҳайз як сӯ шавед ва ба онҳо наздикӣ макунед, то он ки пок шаванд». (Сураи “Бақара”, ояти 222).
Аммо бо ин амал никоҳ бурида намешавад ва агар саҳван бошад, истиғфор кунад ва агар қасдан бошад, тавба кунад, чунки ин амал аз гуноҳони кабира ба шумор меравад. Уламо гуфтаанд, ки садақа низ диҳад.