مسألة № 00385

Оё китобчаи хурди сабзи “Ҳиснул-муслим”, ки ба тоҷикӣ “Паноҳгоҳи мусалмон” ном дорад, китоби салафист?

مسألة:

Оё китобчаи хурди сабзи “Ҳиснул-муслим”, ки ба тоҷикӣ “Паноҳгоҳи мусалмон” ном дорад, китоби салафист? Зеро як ҳамсоя ба ман чунин гуфт. Ин китобро ман аз бозор ҳамин моҳ дастрас кардам. Дар ин китоб ҳама дуоҳо чамъ оварда шудаанд. 

Саволдиҳанда:Саид. 

إجابة:

Китоби “Ҳиснул-муслим” шомили дуоҳо ва зикрҳое аст, ки аз Расули Худо (с) ривоят шуда, аз тарафи Саид ибни Алии Қаҳтонӣ гирдоварӣ шудааст. Китоби мазкур ҳаҷман хурд буда, ба чандин забонҳои олам тарҷума шудааст. Муҳтавои он фақат аз зикру дуоҳои ҳаёти рӯзмарра иборат аст ва ҳеҷ гуна мазмуни салафӣ ва масоили ақидавию фиқҳӣ дар он зикр нашудааст.​

2016-04-20
5321
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

04.08.2025

أكثر
الفجر03:46
الظهر12:40
العصر17:41
المغرب19:42
العشاء21:12