Question № 00385
Оё китобчаи хурди сабзи “Ҳиснул-муслим”, ки ба тоҷикӣ “Паноҳгоҳи мусалмон” ном дорад, китоби салафист?
Question:
Оё китобчаи хурди сабзи “Ҳиснул-муслим”, ки ба тоҷикӣ “Паноҳгоҳи мусалмон” ном дорад, китоби салафист? Зеро як ҳамсоя ба ман чунин гуфт. Ин китобро ман аз бозор ҳамин моҳ дастрас кардам. Дар ин китоб ҳама дуоҳо чамъ оварда шудаанд.
Саволдиҳанда:Саид.
Answer:
Китоби “Ҳиснул-муслим” шомили дуоҳо ва зикрҳое аст, ки аз Расули Худо (с) ривоят шуда, аз тарафи Саид ибни Алии Қаҳтонӣ гирдоварӣ шудааст. Китоби мазкур ҳаҷман хурд буда, ба чандин забонҳои олам тарҷума шудааст. Муҳтавои он фақат аз зикру дуоҳои ҳаёти рӯзмарра иборат аст ва ҳеҷ гуна мазмуни салафӣ ва масоили ақидавию фиқҳӣ дар он зикр нашудааст.