مسألة № 00514

Домуллои муҳтарам, лутфан мегуфтед, ки имонро ба Худованд чӣ гуна мустаҳкам кард ё чӣ бояд кард, ки имон мустаҳкам шавад ё аслан чӣ бояд кард, ки инсон ҳидоят ёбад?

مسألة:

Домуллои муҳтарам, лутфан мегуфтед, ки имонро ба Худованд чӣ гуна мустаҳкам кард ё чӣ бояд кард, ки имон мустаҳкам шавад ё аслан чӣ бояд кард, ки инсон ҳидоят ёбад? 

Сироч Мирзоев.

إجابة:

Бародари азиз, барои мустаҳкам шудани имон Расули Худо (с) чунин фармудаанд: «Ҳар касе, ки  дӯст доштанаш барои Худо ва бад диданаш барои Худо, атову бахшиданаш барои Худо ва манъ карданаш (яъне ато накарданаш) барои Худо бошад, дар ҳақиқат имони худро комил намудааст». Ҳидоят танҳо дар дасти Худованд аст ва Ӯ касеро хоҳад, ҳидоят мекунад, чунончи мефармояд: «Ба дурустӣ ту (Эй Расули ман) касеро хоҳӣ, ҳидоят карда наметавонӣ, лекин Худованд касеро хост, ҳидоят мекунад. Худованд ҳидоятшудагонро хуб медонад. («Қасас», 56).

2016-07-14
4547
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

24.12.2024

أكثر
الفجر06:04
الظهر12:40
العصر15:15
المغرب17:13
العشاء18:43