مسألة № 00526

Оё дар ресторане, ки таомҳои ғайриисломӣ пухта мешавад, кор ва фаъолият кардан ва барои пеш бурдани зиндагӣ маблағ ба даст овардан дуруст аст ё не?

مسألة:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Оё дар ресторане, ки таомҳои ғайриисломӣ пухта мешавад, кор ва фаъолият кардан ва барои пеш бурдани зиндагӣ маблағ ба даст овардан дуруст аст ё не?  

Саволдиҳанда:Бабаджан.

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, кор ва фаъолият намудани шумо дар ресторан ба ҳайси иҷора аст. Аз сабаби он  ки дар ин навъи фаъолият шартҳои иҷора мавҷуд мебошанд, кор ва фаъолияти шумо дуруст аст, аммо аз он ҷиҳат ки дар ресторани мавриди назари шумо таомҳои ғайришаръӣ мепазанд, дар фаъолияти шумо як навъ кароҳият пеш меояд. Бинобар ин, агар кори беҳтаре ёфтед, онро фурсат донед, вагарна кори худро метавонед идома диҳед. 

2016-07-20
2894
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

28.11.2024

أكثر
الفجر05:43
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:08
العشاء18:38