Question № 00526
Оё дар ресторане, ки таомҳои ғайриисломӣ пухта мешавад, кор ва фаъолият кардан ва барои пеш бурдани зиндагӣ маблағ ба даст овардан дуруст аст ё не?
Question:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Оё дар ресторане, ки таомҳои ғайриисломӣ пухта мешавад, кор ва фаъолият кардан ва барои пеш бурдани зиндагӣ маблағ ба даст овардан дуруст аст ё не?
Саволдиҳанда:Бабаджан.
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, кор ва фаъолият намудани шумо дар ресторан ба ҳайси иҷора аст. Аз сабаби он ки дар ин навъи фаъолият шартҳои иҷора мавҷуд мебошанд, кор ва фаъолияти шумо дуруст аст, аммо аз он ҷиҳат ки дар ресторани мавриди назари шумо таомҳои ғайришаръӣ мепазанд, дар фаъолияти шумо як навъ кароҳият пеш меояд. Бинобар ин, агар кори беҳтаре ёфтед, онро фурсат донед, вагарна кори худро метавонед идома диҳед.