مسألة № 00546

Ман дар корхонаи давлатие кор мекунам. Соати кории ман аз 8-00 то 17-00 мебошад. Ман намози пешинро дар вақташ хонда наметавонам. Дар тақвими намозҳо омадааст, ки пешин дар ҳоли ҳозир ...

مسألة:

Ассалому алайкум бародари гиромӣ. Саволе дорам, ки мехоҳам ҷавобашро аз шумо пурсон шавам. Ман дар корхонаи давлатие кор мекунам. Соати кории ман аз 8-00 то 17-00 мебошад. Ман намози пешинро дар вақташ хонда наметавонам. Дар тақвими намозҳо омадааст, ки пешин дар ҳоли ҳозир то соати 17-56 дақиқа хондан мумкин аст. Лутфан бигӯед, ки то ин вақт намози пешинро даҳ ракъат хондан равост ё танҳо 4 ракъати фарзро хонад, басанда аст. Зеро ман то ба хона мерасам, ки соат 17-20 дақиқа мешавад. Зуд таҳорат карда, намози пешинро 10 ракъат мехонам, лекин яке аз ҳамкоронам мегӯяд, ки он раво нест, ту бояд танҳо 4 ракъат фарзро хонӣ 6 ракъат суннат қазо мешавад, то ин дам. Илтимос ба ҳамин саволи ман рӯшанӣ андозед. Қаблан аз Шумо сипосгузорам. Худо нигаатон. 

Саволдиҳанда:Зулфия. 

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Хоҳари азиз, шумо бояд 10-ракъат  намози пешинро хонед, зеро тавре ки Шумо зикр кардед, барои комилан адо кардани намози пешин фурсат доред. Агар мабодо вақт тангӣ кунаду барои комилан адо намудани намози пешин фурсат наёбед дар он сурат метавонед, ки 4-ракъат фарзро хонеду бас. (Китоби “Ас-субҳун-нурӣ”, ҷилди 1, саҳ.154-158).

2016-08-04
4759
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

10.01.2025

أكثر
الفجر06:07
الظهر12:40
العصر15:29
المغرب17:26
العشاء18:56