مسألة № 00567

Зане, ки шавҳари худашро бо тариқи паёмак дашном диҳад, пас никоҳи он марду зан чӣ мешавад?

مسألة:

Ассалому алайкум домулло, мехостам ба суоли ман ҷавоб диҳед, ки ин суол маро бисёр диққат медиҳад. Зане, ки шавҳари худашро бо тариқи паёмак дашном диҳад, пас никоҳи он марду зан чӣ мешавад? Зиндагии онҳо ҳалолу дуруст аст ё ки рӯзи қиёмат ин ҳарду дар азобанд?

Саволдиҳанда:Идрис.

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дашном додан рафтору ахлоқи мӯъмини комил нест ва ашхоси бадзабон агар аз ин хислати бадашон тавба накунанд, ба азоби илоҳӣ гирифтор мегарданд. Бо дашном додан дар никоҳи шумо халал эҷод намешавад, балки никоҳ бо алфози махсус аз байн меравад. Ҳарчанд ҳамсаратон шуморо дашном додааст, вале шумо нисбати ӯ нармӣ ва меҳрубониро пеша кунед, зеро Пайғамбарамон (с) васият кардаанд, ки ба занон хушрафторӣ намоед. Кӯшиш кунед, ки робитаи зиндагиатон барқарор бошад, бо равиши некӯ ҳамсаратонро панду андарз диҳед ва аз хушунату бадрафторӣ парҳез намоед. Иншоаллоҳ нофаҳмиҳо аз байн рафта, дар миёнатон ҳамдигарфаҳмӣ ва муносибати нек ба вуҷуд меояд.

2016-08-25
3651
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

08.01.2025

أكثر
الفجر06:07
الظهر12:40
العصر15:27
المغرب17:24
العشاء18:54