مسألة № 00058

Агар закотро ба имоми масҷид диҳад, ҷоиз аст ё не?

مسألة:

Агар закотро ба имоми масҷид диҳад, ҷоиз аст ё не?

Саволдиҳанда:Яаҳё

إجابة:

Додани закот ба имоми масҷид ҷоиз аст, то аз фикри ташвиши рўзгор фориғ шуда, дар роҳи хидмат ба ислому муслулмонон бештар саъйу талош кунад. Одати баъзе мардум  чунин аст, ки закотро танҳо ба имоми масҷид медиҳанд. Бояд донист, ки ин амал дар ҳоле дуруст аст, ки имом сарватманд набошад, дар акси ҳол закот адо намешавад. Ҳамчунин маоши имомро аз ҳисоби закот адо кардан ҷоиз нест, зеро яке аз шартҳои закот молик гардонидани шахси мустаманд бидуни иваз мебошад.
(“Раддул-муҳтор”. ҷ. 2, с. 353, “Фатовои ҳиндӣ”, ҷ. 1, с.187).

 

2015-03-02
4510
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

23.04.2025

أكثر
الفجر04:01
الظهر12:40
العصر17:21
المغرب19:20
العشاء20:50