Вопрос № 00058
Агар закотро ба имоми масҷид диҳад, ҷоиз аст ё не?
Вопрос:
Агар закотро ба имоми масҷид диҳад, ҷоиз аст ё не?
Саволдиҳанда:Яаҳё
Ответ:
Додани закот ба имоми масҷид ҷоиз аст, то аз фикри ташвиши рўзгор фориғ шуда, дар роҳи хидмат ба ислому муслулмонон бештар саъйу талош кунад. Одати баъзе мардум чунин аст, ки закотро танҳо ба имоми масҷид медиҳанд. Бояд донист, ки ин амал дар ҳоле дуруст аст, ки имом сарватманд набошад, дар акси ҳол закот адо намешавад. Ҳамчунин маоши имомро аз ҳисоби закот адо кардан ҷоиз нест, зеро яке аз шартҳои закот молик гардонидани шахси мустаманд бидуни иваз мебошад.
(“Раддул-муҳтор”. ҷ. 2, с. 353, “Фатовои ҳиндӣ”, ҷ. 1, с.187).