مسألة № 00598

Ман пеш аз Иди Қурбон аз кӯча як миқдор маблағ ёфтам. Барои он ки соҳибашро ёбам, дар фейсбук навиштам ва масҷид рафтам, ба муаззини масҷид гуфтам, ки дар намози ид гӯед (намедонам гуфтанд ё нагуфтанд). Хулоса гӯед, ки ман ин пулҳоро чӣ кор кунам?

مسألة:

Домуллои муҳтарам, Худованд шуморо нигаҳбон бошад. Ман пеш аз Иди Қурбон аз кӯча як миқдор маблағ ёфтам. Барои он ки соҳибашро ёбам, дар фейсбук навиштам ва масҷид рафтам, ба муаззини масҷид гуфтам, ки дар намози ид гӯед (намедонам гуфтанд ё нагуфтанд). Хулоса гӯед, ки ман ин пулҳоро чӣ кор кунам? Саломат бошед!!! 

Саволдиҳанда:Муҳидин

إجابة:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, пули ёфтатонро дар масҷид ё дигар ҷойҳое, ки одамони ҳамон маҳалла ҷамъ мешаванд, то се бор эълон кунед, агар соҳибаш ёфт нашуд, онро ягон ҷо нигоҳ доред, то ки соҳибаш биояд ва пулҳои гумкардаашро дақиқан баён кунад. Агар шумо аз нигоҳ доштани пулҳои ёфтаатон аз ягон ҷиҳат хавф дошта бошед, онро ба фақирону мискинон тақсим карда диҳед. Агар соҳибаш биояду розӣ шавад, савоб мегирад, агар розӣ нашавад, шумо зомин мешавед ва бояд онро баргардонед.

2016-09-20
3032
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

28.11.2024

أكثر
الفجر05:43
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:08
العشاء18:38