Вопрос № 00598
Ман пеш аз Иди Қурбон аз кӯча як миқдор маблағ ёфтам. Барои он ки соҳибашро ёбам, дар фейсбук навиштам ва масҷид рафтам, ба муаззини масҷид гуфтам, ки дар намози ид гӯед (намедонам гуфтанд ё нагуфтанд). Хулоса гӯед, ки ман ин пулҳоро чӣ кор кунам?
Вопрос:
Домуллои муҳтарам, Худованд шуморо нигаҳбон бошад. Ман пеш аз Иди Қурбон аз кӯча як миқдор маблағ ёфтам. Барои он ки соҳибашро ёбам, дар фейсбук навиштам ва масҷид рафтам, ба муаззини масҷид гуфтам, ки дар намози ид гӯед (намедонам гуфтанд ё нагуфтанд). Хулоса гӯед, ки ман ин пулҳоро чӣ кор кунам? Саломат бошед!!!
Саволдиҳанда:Муҳидин
Ответ:
Ассалому алайкум. Бародари азиз, пули ёфтатонро дар масҷид ё дигар ҷойҳое, ки одамони ҳамон маҳалла ҷамъ мешаванд, то се бор эълон кунед, агар соҳибаш ёфт нашуд, онро ягон ҷо нигоҳ доред, то ки соҳибаш биояд ва пулҳои гумкардаашро дақиқан баён кунад. Агар шумо аз нигоҳ доштани пулҳои ёфтаатон аз ягон ҷиҳат хавф дошта бошед, онро ба фақирону мискинон тақсим карда диҳед. Агар соҳибаш биояду розӣ шавад, савоб мегирад, агар розӣ нашавад, шумо зомин мешавед ва бояд онро баргардонед.