مسألة № 00639

Агар мусофир ба ҷои намози қаср намозро пурра хонад, мешавад? Шахсе аз 22-солагӣ намозро оғоз кард, барои ӯ ҳатмист, ки солҳои пешро қазоӣ гузорад? Агар ҳа, чӣ тавр?

مسألة:

Салом кормандон ва мухлисони сомона. Агар мусофир ба ҷои намози қаср намозро пурра хонад, мешавад? Шахсе аз 22-солагӣ намозро оғоз кард, барои ӯ ҳатмист, ки солҳои пешро қазоӣ гузорад? Агар ҳа, чӣ тавр? 

Саволдиҳанда:Шариф.

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳамтуллоҳ. Бародари азиз, барои мусофир воҷиб аст, ки намозро қаср хонад, агар қасдан намозро пурра хонад, ҷоиз аст, вале гунаҳкор мешавад. Намоз аз синни 12-солагӣ (яъне аз синни  балоғат) дар зиммаи мусулмон фарз мешавад, агар аз синни 22-солагӣ оғоз карда бошад, қазо доштани намозҳои фарз ва воҷиби солҳои пешин бо тадриҷ фарз аст, вале суннатҳо қазо надоранд. Чӣ тавре ки намози вақтиро мехонад, намози қазоиро низ ҳамон тавр мехонад.

2016-10-12
3761
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

26.04.2025

أكثر
الفجر03:56
الظهر12:40
العصر17:24
المغرب19:23
العشاء20:53