مسألة № 00751

Домуллои гиромӣ, мегуфтед, ки ман як рӯзи ҳафта вақти намози бомдод дар ҷое буданам лозим аст, вале дар он ҷо намози бомдодро хонда наметавонам. Оё метавонам, ки ҳамин намози бомдодро як ё ду соат пеш гузорам?

مسألة:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Домуллои гиромӣ, мегуфтед, ки ман як рӯзи ҳафта вақти намози бомдод дар ҷое буданам лозим аст, вале дар он ҷо намози бомдодро хонда наметавонам. Оё метавонам, ки ҳамин намози бомдодро як ё ду соат пеш гузорам?

Саволдиҳанда:Абдуҳамид.

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, гузоридани намоз дар вақташ фарз аст. Тибқи мазҳаби Имоми Аъзам (р) вақти намози бомдод аз субҳи содиқ оғоз ёфта, то қабл аз тулуъи офтоб идома меёбад. Дар ҳамин муддат ҳар гоҳе барои шумо имконият пайдо шуд, метавонед, ки намози бомдодро гузоред, агар дар ғайри ин вақт гузоред, намоз адо намеёбад.  (“Мухтасарул-виқоя”, с. 10-11)

2016-12-26
3248
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

10.01.2025

أكثر
الفجر06:07
الظهر12:40
العصر15:29
المغرب17:26
العشاء18:56