Вопрос № 00751
Домуллои гиромӣ, мегуфтед, ки ман як рӯзи ҳафта вақти намози бомдод дар ҷое буданам лозим аст, вале дар он ҷо намози бомдодро хонда наметавонам. Оё метавонам, ки ҳамин намози бомдодро як ё ду соат пеш гузорам?
Вопрос:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Домуллои гиромӣ, мегуфтед, ки ман як рӯзи ҳафта вақти намози бомдод дар ҷое буданам лозим аст, вале дар он ҷо намози бомдодро хонда наметавонам. Оё метавонам, ки ҳамин намози бомдодро як ё ду соат пеш гузорам?
Саволдиҳанда:Абдуҳамид.
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, гузоридани намоз дар вақташ фарз аст. Тибқи мазҳаби Имоми Аъзам (р) вақти намози бомдод аз субҳи содиқ оғоз ёфта, то қабл аз тулуъи офтоб идома меёбад. Дар ҳамин муддат ҳар гоҳе барои шумо имконият пайдо шуд, метавонед, ки намози бомдодро гузоред, агар дар ғайри ин вақт гузоред, намоз адо намеёбад. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 10-11)