مسألة № 00758

Ман панҷ фарзанд дорам ва ҳамаи онҳо оиладор мебошанд. Аммо он маоше, ки мегиранд, барои онҳо намерасад. Ман ҳама вақт аз хӯрока ва пӯшока ёрдам мешавам, оё ин ба закот дохил мешавад?

مسألة:

Ассалому алайкум домуллои муҳтарам. Ман панҷ фарзанд дорам ва ҳамаи онҳо оиладор мебошанд. Аммо он маоше, ки мегиранд, барои онҳо намерасад. Ман ҳама вақт аз хӯрока ва пӯшока ёрдам мешавам, оё ин ба закот дохил мешавад?

Саволдиҳанда:Вафо.

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, закот яке аз рукнҳои асосии Ислом аст ва бояд закотдиҳанда шартҳои хосро доро бошад, пасон закотро пардохт менамояд. Тибқи қарори Шӯрои уламо нисоби закот дар соли ҷорӣ 17400 сомонӣ муқаррар шудааст, ки аз ин миқдор 435 сомонӣ пардохт карда мешавад. Мутобиқи мазҳаби Имоми Аъзам (р) закот ба ҳамсар, фарзандон ва наберагон дода намешавад. Он чи шумо анҷом медиҳед, кори хуб аст ва аҷру подоши зиёд дорад, вале аз закот маҳсуб намешавад. 

2016-12-29
4609
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

24.12.2024

أكثر
الفجر06:04
الظهر12:40
العصر15:15
المغرب17:13
العشاء18:43