مسألة № 00831

Оё бо сайтҳои интернетӣ (Viber.Whatsap) бо духтароне, ки ҳамкурс ё ҳамсинфамон мебошанд, гап задан дуруст аст?

مسألة:

Ассалому алайкум! Домуллои муҳтарам. Оё бо сайтҳои интернетӣ (Viber.Whatsap) бо духтароне, ки ҳамкурс ё ҳамсинфамон мебошанд, гап задан дуруст аст? Илтимос, саҳеҳтар ҷавоб диҳед.

Саволдиҳанда: Алланазар.

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар шумо бо он духтарони ҳамкурсатон оиди мавзӯи дарсӣ ва ё ягон масъалаи илмӣ, ки ба он зарурат доред, гуфтугӯ мекунед, пас дар ҳадди зарурат ишколе надорад. Вале агар гуфтугӯи шумо танҳо аз суханони беҳуда ва сафсата иборат бошад, пас ин амалатон нодуруст ва зоеъ кардани вақти пурқимататон аст. Донишҷӯи зирак он аст, ки вақти гаронбаҳояшро дар ҷустуҷӯи илму дониш сарф мекунад ва технологияи навинро ба таври оқилона баҳри рушди малакаи зеҳнӣ ва ҷаҳони маънавии худ истифода мебарад.  

2017-01-29
3349
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

29.07.2025

أكثر
الفجر03:41
الظهر12:40
العصر17:47
المغرب19:48
العشاء21:18