Савол № 00831
Оё бо сайтҳои интернетӣ (Viber.Whatsap) бо духтароне, ки ҳамкурс ё ҳамсинфамон мебошанд, гап задан дуруст аст?
Савол:
Ассалому алайкум! Домуллои муҳтарам. Оё бо сайтҳои интернетӣ (Viber.Whatsap) бо духтароне, ки ҳамкурс ё ҳамсинфамон мебошанд, гап задан дуруст аст? Илтимос, саҳеҳтар ҷавоб диҳед.
Саволдиҳанда: Алланазар.
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар шумо бо он духтарони ҳамкурсатон оиди мавзӯи дарсӣ ва ё ягон масъалаи илмӣ, ки ба он зарурат доред, гуфтугӯ мекунед, пас дар ҳадди зарурат ишколе надорад. Вале агар гуфтугӯи шумо танҳо аз суханони беҳуда ва сафсата иборат бошад, пас ин амалатон нодуруст ва зоеъ кардани вақти пурқимататон аст. Донишҷӯи зирак он аст, ки вақти гаронбаҳояшро дар ҷустуҷӯи илму дониш сарф мекунад ва технологияи навинро ба таври оқилона баҳри рушди малакаи зеҳнӣ ва ҷаҳони маънавии худ истифода мебарад.