مسألة № 00832

Домуллои азиз, оё ман метавонам, ки Қуръони электронии дар телефонбударо бе таҳорат бихонам ва аз ин ки онро бетаҳорат мехонам, гунаҳгор намешавам?

مسألة:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Домуллои азиз, оё ман метавонам, ки Қуръони электронии дар телефонбударо бе таҳорат бихонам ва аз ин ки онро бетаҳорат мехонам, гунаҳгор намешавам?

Саволдиҳанда: Алишер.

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, бе таҳорат хондани нусхаи электронии Қуръони карим ҷоиз аст ва гуноҳе надорад. Даст расонидан бидуни таҳорат ба рӯи сафҳаи телефон, ки дар он оятҳои Қуръон зоҳир мешавад, монеъе надорад, зеро дасти шумо на ба хатти Қуръон, балки ба шиша мерасад ва ин аз китобати рӯи саҳифаи коғаз фарқ мекунад. Вале беҳтар ва хубтар ин аст, ки шумо нусхаи электронии Қуръонро дар ҳолати ботаҳорат будан варақ гардонед ва бихонед.   (“Масоили фиқҳии муосир”, с. 37)

2017-01-29
3258
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

21.06.2025

أكثر
الفجر03:17
الظهر12:40
العصر17:59
المغرب20:01
العشاء21:31