Вопрос № 00832
Домуллои азиз, оё ман метавонам, ки Қуръони электронии дар телефонбударо бе таҳорат бихонам ва аз ин ки онро бетаҳорат мехонам, гунаҳгор намешавам?
Вопрос:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Домуллои азиз, оё ман метавонам, ки Қуръони электронии дар телефонбударо бе таҳорат бихонам ва аз ин ки онро бетаҳорат мехонам, гунаҳгор намешавам?
Саволдиҳанда: Алишер.
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, бе таҳорат хондани нусхаи электронии Қуръони карим ҷоиз аст ва гуноҳе надорад. Даст расонидан бидуни таҳорат ба рӯи сафҳаи телефон, ки дар он оятҳои Қуръон зоҳир мешавад, монеъе надорад, зеро дасти шумо на ба хатти Қуръон, балки ба шиша мерасад ва ин аз китобати рӯи саҳифаи коғаз фарқ мекунад. Вале беҳтар ва хубтар ин аст, ки шумо нусхаи электронии Қуръонро дар ҳолати ботаҳорат будан варақ гардонед ва бихонед. (“Масоили фиқҳии муосир”, с. 37)